Перейти к содержимому
 

Парвин


26.12.2018


Сапти шоу-барномаи “Парвин” бо иштироки кӯдакону наврасон дар саросари кишварамон идома дорад. Барномаи навбатии “Парвин” дар шаҳри Ҳисор сапт гардид. Чун ҳамешагӣ озмун дар 3 бахши санъати мусиқӣ овозхонӣ, навозандагӣ ва рақс пешкаши ҳакамону мухлисон гардид. Ин дафъ дар бахши сарояндагӣ Манижа Норова бо Шоҳҷаҳон Ашӯров, дар жанри навозиш Мӯҳтадор Раҷабзода бо Абубакр Ёров ва дар ҳунари рақс Ирода Мухторова бо Шабнам Аслонова рақобат карданд. Агар хоҳед донед, ки кадоме аз ин иштирокчиён даври аввали озмунро гузаштанд, пас барномаи “Парвин”-ро рӯзҳои наздик дар шабакаи мо интизор шавед!