Перейти к содержимому

Парвин


09.11.2018


Барномаи шашуми даври аввали шоу барномаи озмунии “Парвин” бо ширкати наврасони соҳибистеъдод, рӯзҳои наздик  дар студияи ТВБ сабт шуд. Чун ҳамешагӣ озмун дар 3 бахши санъати мусиқӣ овозхонӣ, навозандагӣ ва рақс пешкаши ҳакамону мухлисон гардид. Ин дафъа дар бахши сарояндагӣ Нозимҷон Худойбердиев бо Парвина Ҳасанова, дар жанри навозиш Рамазон Мирзоев бо Ҷонибек Бекмуродзода ва дар  ҳунари рақс Фарангис Имомзода бо Мафтуна Валиева рақобат карданд. Агар хоҳед  донед, ки кадоме аз ин иштирокчиён даври аввали озмунро гузаштанд, пас барномаи “Парвин”-ро дар шабакаи мо интизор шавед!