Перейти к содержимому

Парвин


11.10.2018


Барномаи чоруми даври аввали шоу барномаи озмунии “Парвин” бо ширкати наврасони соҳибистеъдод  ҳафтаи гузашта  дар студияи ТВБ  сабт шуд. Чун ҳамешагӣ озмун дар 3 бахши санъати мусиқӣ овозхонӣ, навозандагӣ ва рақс пешкаши ҳакамону мухлисон гардид. Ин дафъа дар  бахши сарояндагӣ Сарвиноз Холова бо Сулаймон Шуволов,  дар жанри навозиш Муҳаммад Ниёзов бо Умед Алихонов ва дар ҳунари рақс Бибимарям Қурбонова бо Фотима Мардоншоева  рақобат карданд. Агар хоҳед донед, ки кадоме аз ин иштирокчиён даври аввали озмунро гузаштанд, пас барномаи “Парвин”-ро дар шабакаи мо интизор шавед!