Перейти к содержимому

Тирамоҳи заррин


14.09.2018


Муассисаи ТВБ ба хотири тарғиби табиати нотакрори диёр ва истиқболи ҷашни “Меҳргон” озмуни телевизионии расомони наврасро бо номи “Тирамоҳи заррин” эълон менамояд. Дар озмун кӯдакону наврасони аз 5 то 15 сола метавонанд, иштирок намоянд. Шумо метавонед расмҳои худро ба суроғаи мо кӯчаи Шероз 31, ТВ “Баҳористон”, ё  ба сомонаи ТВБ ирсол намоед.  Ғолибони озмунро сипоснома ва тӯҳфаҳо аз ҷониби муассиса интизор аст.

Рӯзи охири қабули расмҳо 25 уми октябр.