Перейти к содержимому

«Саргузашти замбӯрҳо»


13.09.2018


Филми тасвирии  «Саргузашти замбӯрҳо»  хусусияти тарбиявӣ дошта, дар бораи дӯстиву рафоқат, вафодориву меҳрубонии ин ҷонваракони меҳнатдӯст  қисса мекунад. Ин филми анниматсионӣ соли 2018 дар студияи сабти овози ТВБ ба забони тоҷикӣ баргардонида шудааст. Бояд қайд намуд, ки яке аз сабабҳои маҳбубият пайдо намудани филм дар байни кӯдакон ин аст, ки  дар нақҳшо ҳунармандони касбӣ овоз доданд. Аз  1-уми сентябри соли ҷорӣ ҳамарӯза филми тасвирии «Саргузашти замбӯрҳо»  тариқи эфири шабака пахш мегардад.

Барои мухлисони сершумори шабака, махсусан ин филми тасвирии муассир ва диданӣ хушхабар ин аст, ки  «Саргузашти замбӯрҳо»  дар сайти муассиса низ ҷо дода шудааст.