Перейти к содержимому

Дархости тамошобин


Салом ман Диловар Файзов аз ноҳияи Файзобод мебошам. Шабакаи шуморо мо бо аҳли оила тамошо мекунем. Диққати маро бештар барномаи “Маҳфили адибони наврас” ҷалб мекунад. Зеро духтарчаи ман, ки ҳамагӣ 13 сол дорад, баъзан шеър менависад. Мехостам донам, ки ӯ имкон дорад, то дар ин барнома иштирок намояд?

Диловар Файзов


Асалому алейкум ба аҳли эъҷоди  шабакаи дӯстдоштаи мо ТВ “Баҳористон”.  Ман модари се писар Меҳриниссо аз шаҳри Душанбе ҳастам. Фарзандони ман барномаҳои шабакаи шуморо зиёд тамошо мекунанд. Хусусан барномаи “Матин”-ро, ки варзиши аст, дӯст медоранд. Дар бораи ин барнома каме маълумот диҳед, киҳо метавонанд дар он иштирок намоянд?

Меҳриниссо


Салом ман Меҳрубон аз ш. Душанбе мехоҳам дар ягон барномаи шумо ба ҳайси баранда фаъолият кунам.

Меҳрубон


Салом! Ман Дилшод аз шаҳри Душанбе. Мухлиси шабакаи ТВ “Баҳористон” ва хусусан барномаи “Парвин” мебошам. Мехостам донам, ки даври дуюми ин барнома кай оғоз мегардад.

Дилшод


Салом ба ҳамаи кормандони ТВБ! Мехостам филми ҳунарии “Ҳамболи уқоб”-ро бори дигар пахш намоед. Ва боз мехостам донам, ки филми тасвирии “Смешарики”-ро кай нишон медиҳанд?

Муҳаммадалӣ Пиров


Салом! Ман Парвиз. Мехостам донам, ки чи тавр метавонам дар барномаи “Бозёфт” иштирок намоям:

Парвиз Очилзода


Салом ба кормандони Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон”. Ман як савол доштам. Барои чӣ барномаи “Ба пеш” дигар намоиш дода намешавад?

Чиллахон Халифаев


Салом ба аҳли эҷоди ТВБ,номи ман Ёсуман якчанд руз пеш ман филми тасвирии “Смолфут”-ро дар шабакаи шумо тамошо кардам. Мехостам ин филми тасвириро ба забони тоҷики тамошо кунам.

Ёсуман Табарова


Салом ман омӯзгори фанни санъати тасвирӣ. Мехоҳам расмҳои кашидаи талабагонамро ба озмуни “Тоҷикистон хонаи ман” пешниҳод намоям. Чун дар ноҳияи дурдасти Деваштич зиндагӣ мекунем, имконияти ба шаҳр омаданро надорем. Чӣ гуна метавон расмҳоро равон кард?

Садриддинов


Салом! Мехостам донам, ки шумо журналистони ҷавонро ба кор қабул мекунед? Ман 15 сола ҳастам ва дар мактаби рақами 78 таҳсил менамоям. Бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ озод сухан мегӯям. Аз хурди орзу доштам, ки барандаи ягон барнома бошам. Агар шумо ба ман ин имкониятро диҳед пушаймон намешавед.

Фирдавс Холов


Салом! Ман Субҳиддин аз ноҳияи Ёвон ҳастам. Мухлиси шабакаи “Баҳористон” ва хусусан барномаи “Ситораҳои футбол” мебошам. Аз шумо хоҳиш дорам, то дар барномаи зикршуда, дар бораи бозигари португали Криштиану Роналдо маълумот диҳед.

Темуров Субҳиддин


Ассалом ТВ-Баҳористон. Ман Бахтиёр аз ноҳияи дурдасти Мастчоҳ ба шумо менависам. Пайваста барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Ман мехостам, барномаҳои саволу ҷавобиатон ба монанди “Бо ҳам меёбем” зиёд бошад. Ташаккур!

Сангинзода Бахтиёр


Салом ба ҳама кормандони ТВ Баҳористон. Мехостам донам, ки барномаи “Сарбоз” кадом рӯз пахш мешавад?

Салим Қурбонов


Салом! Мехостам пурсам, ки оё мо метавонем расмҳои кашидаи кӯдаконро тариқи почтаи электрони равон намоем, оё ин расҳои равоншуда, тариқи эфир пахш мегарданд?

Умедхон Мамадаминов


Рӯзи 24.12. 2018 дар Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ фестивал озмуни навозандагони ҷавон ва расомони наврас баргузор гардида буд ва  аз ҷониби Телевизиони Баҳористон ба навор гирифта шуда буд. Мехостам донам, ки  кай дар эфир намоиш дода мешавад?

Парвина Мирзоева


Салом ба кормандони телевизиони дӯстоштаии ман “Баҳористон”. Дар шаби солӣ нав чун бо аҳли оила дар сайру гашт будем, натавонистем барномаи “Ангубин”-ро тамошо кунем. Ин барномаро зиёд интизор будем, вале имконият нашуд, ки онро бубинем. Кай метавонем барномаро такроран бубинем?


Саломи гарму ҷӯшони худро ба аҳли кормандони ТВБ мерасонам. Ман Нигора аз шаҳри Душанбе, 10 сола ҳастам. Айни замон мо талабагони мактаб дар таътили зимистона қарор дорем. Ва мехостам, ки филмҳои хуби тасвириро бо забони тоҷикӣ тамошо кунем.

Нигора


Салом ба кормандони ТВ Баҳористон! Ман Шабнам аз ш.Бохтар мехостам донам, ки дар соли нав кадом филмҳои бадеӣ ва ҳунариро бо забони тоҷикӣ яъне дубляжшударо пахш мекунед?

Шабнам


Салом! Ман Умар аз шаҳри Душанбе мехостам донам, ки дар солинави мелоди шабакаи дӯстдоштаи мо чӣ намоишномаҳои солинавӣ пешниҳод менамояд?

Умар


Салом! Ман Сангинов Мафтун аз нохияи Панчакент. Бисёр барномахои ТВ "Бахористон"-ро дӯст медорам ва тамошо мекунам ва ба ҳама коргардони ин шабака самимона раҳмат мегӯям. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям ки дар бораи "Охир надоштани кайхон " дар ягон барномаатон маълумот пешкаш мекардед шод мешудам.

Сангинов Мафтун


Салом! Ман Парвина Ҷӯмаева донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мехостам дар барномаи Нодир иштирок кунам, аммо намедонам аз синни чанд солаги иштирок карда мешавад . Раҳмат

Парвина Ҷумъаева


Лутфан ба ман фаҳмонед, ки дар сомонаи твб дар Интернет чигуна менависанд, зеро ман ҳар қадар кушиш менамоям аммо наметавонам, ки хоҳишҳоямро дар он ҷо нависам.

Муҳаммад-рофеъ


Салом мухлиси доимии барномаҳои ТВ «Баҳористон» мебошам. Мехоҳам донам, ки чаро барномаи «Гурдофарид» намоиш дода намешавад?

Фарангис Маҳмудова


Ассалому алайкум! Мо ҷавонон аз ноҳияи кӯҳистон ҳастем.  Телевизиони  “Баҳористон” ва хусусан барномаи “Парвин”-ро зиёд тамошо мекунем. Мехостем фаҳмем, ки чӣ гуна метавонем дар ин барнома иштирок кунем?

Акмал Сангалиев


Салом ман Абдуқайюм Юсупов. Мухлиси ашаддии телевизони шумо мебошам. Лутфан бигӯед  ба барномаи “Навори ҷолиб” чӣ гуна навори худро фиристам?

Абдуқайим Юсупов


Салом ба Баҳористон. Ман миннатдории худро ба кулли таҳиягарони барномаҳои ин шабака мерасонам ва мехоҳам донам, ки барномаи «Гунча» чӣ гунна таҳия мегардад.

Дилафрӯз Саидова


Фарзандони ман ҳамеша суруди «Занбурҳоро» зам-зама мекунанд. Онҳо бесаброна оғози намоиши ин филми тасвириро интизоранд? Кадом рӯз ин филми тасвирӣ пахш мегардад?!!!

Садбарг Саидова


Саломи худро ба гуруҳи эҷодии ТВБ мерасонам. Ман Зайнура Аҳмадзода муаллимаи синфҳои ибтидоӣ мебошам. Шогирдонам шеърҳои зиёд медонанд. Оё имконият ҳаст, ки дар намоишҳои Шумо иштирок кунанд?

Зайнура Аҳмадзода


Мо аҳли оила мухлисони ТВ «Баҳористон» ҳастем. Филмҳои тасвирии «Баҳористон дар Баҳористон»  ба мо хело писанд аст. Аз аҳли эҷоди телевизиони «Баҳористон» хоҳиш мекардем, ки чунин намоишҳоро бештар ба мо намоиш диҳанд.

Муроди Масрур


Мехостам фаҳмам, ки барномаи «Нодир» кай намоиш дода мешавад.

Мубориз Восиев


Мехоҳам донам, ки кормандони шабакаи «Баҳористон» бахшида ба рӯзи дониш кадом барномаро пешниҳоди мо менамояд?

Ҷалол Холиқзода


Лутфан гуед, ки филми тасвирии Замбурҳо аз чанд қисм иборат аст ва онро кай пешкаши мо мегардонед?

Акбар Нозимов


Мехоҳам донам, ки барномаи  «Парвин» кай пешниҳоди мо мегардад?

Меҳрона Камолова


Мехостам дар барномаи «Як соат» саҳифае доир ба рекордҳои гинес ҷой диҳед.

Умедҷон Хоҷаев


Мехоҳам дар барномаи «Муъҷизаҳои табиат» доир ба шаршаҳои бузургтарини ҷаҳон маълумот пешниҳод гардад.

Тоҳир Умаров


Чаро дар барномаи «Телеафиша» танҳо доир ба рӯзномаи «Пайрав» маълумот медиҳед?

Муқаддас Рабиева


Ман мухлиси варзиши рақами як  ҳастам аз дастандаркорони барномаи «Ситораҳои футбол» хоҳиш менаоям, ки дар бораи дарвозабони  Фаронса  Уго Лорис, ки ҳамзамон имсол дар ҷоми ҷаҳон чемпион шудааст, маълумот бидиҳед.

Бурҳониддини  Зубайдулло


Ман аз ВМКБ  ман варзишгар ҳастам ва  мехоҳам, яке аз қаҳрамонҳои барономаи  варзишии  Таҳамтан бошам, чӣ кор кунам?

Панҷшанбе Гулмаҳмадов


Сеҳрҳое, ки дар барномаи «Кулоҳи сеҳрнок»-аст, аз куҷо меёбед?

Дилрабо Салимова


Ман як тан варзишгар ҳастам мехоҳам дар барномаи «Матин» иштирок намоям бояд ман чи кор кунам?

Акбар Самиев


Мехоҳам дониста бошам, нақши «Панда»-ро,  ки дар барномаи «Happy English» аст, ки мебозад?

Алишер Асроров 


Лутфан гуед, ки дар барномаҳои охирини «Маҳбуб» дар бораи кадом чеҳраҳо маълумот дода будед?

Сумая Рафиқова


«Мехоҳам дар мавриди чи гуна ба забони тоҷики баргардонидани филмҳо ба худ маълумот дошта бошам».

Ашурзода Эмомалӣ


Ман аз ш. Ваҳдат ман 15 сола ҳастам оё метавонам дар озмуни расомони наврас иштирок кунам ?

Солеҳов Умедҷон


Салом ба кормандони шабакаи дустдоштаам «Баҳористон» - мехоҳам донам, ки имсол барномаи озмунии телевизионии Парвин пешкаши мо мегардад, ё не ?

Холиқов  Яҳё


Ман ҳамчун модар аз шумо хоҳиш менамоям, ки фарзандони маро дар намоиши "Се духтаракон" сабт намоед.


Салом, чӣ гуна метавонам  расмҳои тасвирнамудаамро ба озмуни расомони наврас  «Тоҷикистон хонаи ман» пешниҳод намоям.

Анвар


Салом, Ман мехоҳам ба филмҳое, ки дар ТВ  «Баҳористон»  бо забони тоҷикӣ тарҷума карда мешаванд, овоз диҳам.

Раҳимова Суман


Асалому алейкум. Филми "кураи гулобӣ-ро" тамошо кардем ва ба мо хеле писанд омад хоҳиш мекунем, ки бори дигар намоиш диҳед.

Сафаров Анвар


Ман модари се фарзанд. Кӯдакони ман мехоҳанд дар шабакаи  «Баҳористон» шеърхонӣ кунанд. Дар бораи Ватан ва Истиқлолият шеърҳои зиёд аз ёд кардаанд. Кай мо метавонем  ба « Баҳористон» равем.

Гуландом Бозорова


Саломи худро ба кули кормандони ТВБ мерасонад. Бародарони ман дар ҷамъбасти  Озмуни расомони наврас, ки дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид, иштирок намуданд. Мегуфтед, ки ин намоиш  кай нишон дода мешавад.

Самиев Расул


Ман  яке аз иштирокчиёни озмуни  телевизионии «Вақте қалам мегирам…» мебошам. Мехостам фаҳмам, ки озмуни мазкур кай ҷамбаст мегардад, зеро мо бесаброна мунтазирем.

Гуландом Тағоева