Перейти к содержимому

Лоиҳаҳо


    Лоиҳаи телевизионии «Парвин».  Ин лоиҳа бо мақсади ба майдони ҳунар баровардани санъаткорони наврас, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси муҳаббат ба фарҳангу ҳунар, пос доштани расму оин, суннатҳо ва дигар арзишҳои миллӣ,   баргузор мегардад. Дар озмун санъаткорони наврасу ҷавоне, ки то 18 сола ҳастанд, ширкат варзида метавонанд. Озмун дар 3 давра- даври интихобӣ, нимниҳоӣ  ва ниҳоӣ гузаронида мешавад. Дар  лоиҳаи «Парвин» истеъдодҳои  алоҳида, дастаҳои ҳунарӣ, ансамблҳои рақсӣ, навозандагон, дастаҳои ҳамсароён (хор) ва ғайра ширкат варзида метавонанд.  Гурӯҳи доварон дар ҳамаи давраҳои озмун ба маҳорати иштирокчиён баҳо дода, барои ҳавасманд кардан ба онҳо Сипосномаи Телевизиони «Баҳористон» тақдим мегардад. Инчунин ба ғолибон ва  истеъдодҳои алоҳидае, ки писанди тамошобинон мегарданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ таъсис дода мешаванд. Лоиҳа аз рӯи се жанри мусиқӣ – яккахонӣ, рақс ва навозандагӣ ду нафарӣ санъаткорони ҷавон ширкат меварзанд. Озмуни телевизионии «Парвин»  аз соли 2015  то  ҳол роҳандозӣ мегардад.


   Лоиҳаи  «Нодир»  бо мақсади пайдо намудани  кӯдакону наврасони боистеъдод, фароҳам овардани шароит барои санҷиши донишу ҳозирҷавобии онҳо, дӯстии наврасони минтақаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ,  мустаҳкам намудани ҳамкории онҳо ва бедор намудани шавқу ҳавас ба дониш, омӯзиш роҳандозӣ мегардад. Дар озмун  наврасону ҷавонони то 22 сола аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он  ширкат варзида метавонанд. Озмун дар миқёси ҷумҳурӣ дар 1 даври асосӣ гузаронида мешавад. Барои ҳавасмандии иштирокчиён сипосномаи Телевизиони «Баҳористон» тақдим мегардад. Инчунин ба ғолибоне, ки писанди тамошобинон гаштаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.


  Озмуни телевизионии «Бозёфт» ба хотири дарёфт ва муаррифии ихтироъкорони навовар ва наврас омода мешавад. Он аз ду давр иборат буда, даври аввал дар минтақаҳо ва даври дуюм дар ТВ «Баҳористон» ҷамъбаст мегардад. Синну соли иштирокчиён аз 10 то 20 сола  мебошад.  Ба лоиҳаи беҳтарин барои дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ ба Маркази миллии патентию иттилоотӣ роҳхат дода мешавад. Инчунин ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.


   Озмуни рассомони наврас бо мақсади рушди нерӯи ақлонӣ, эҷодӣ, дастгирии кӯдакони болаёқат бахшида ба муносибати санаҳои таърихӣ роҳандозӣ мегардад. Озмунҳои  «Тоҷикистон- хонаи ман!», «Ватани ман, ҷони ман!», «Об-сарчашмаи ҳаёт», «Мо-ҳимоятгари Ватан!», «Наврӯзи Ватан», «Тирамоҳи заррин», «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» аз ҷумлаи онҳост.  Синну соли иштирокчиёни ин озмун аз 5 то 15 мебошад. Дар ҷамъбасти ҳар озмун ба рассомони беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи Телевизиони «Баҳористон» тақдим карда мешавад.


   Барномаи  «Бо ҳам меёбем!».  Дар намоиш хонандагоне иштирок менамоянд, ки доираи  донишашон аз барномаи мактабӣ фарохтар аст. Дар ин барнома кӯдакону наврасони аз 9 то 14 сола иштирок карда метавонанд. Барандаи намоиш робот мебошад ва вай ба иштирокчиён савол медиҳад. Аллакай дар ин ҷо таваҷҷуҳ ва ҷалби тамошобин чандтарафа сурат мегирад. Дигар муваффақияти самти кор  дар он аст, ки  таҳиягарон  пеш аз сабт кӯдаконро аз санҷиш мегузаронанд ва нафароне, ки дар ҳақиқат дониши кофӣ  доранд, дар намоиш иштирок менамоянд. Кӯдаконе, ки хоҳиши дар намоиш иштирок карданро доранду донишашон хуб нест, номнавис гардида тӯли чанд муддат омодагӣ мебинанд. Баъди гузаштан аз санҷиш онҳо дар барнома иштирок менамоянд. Ин равиш низ сабаб мегардад, ки хонандагон дар баробари мактаб дар телевизион низ аз пайи илму дониш шаванд.


      Барномаи  «Ангубин»  яке аз беҳтарин барномаҳои  ТВ «Баҳористон» буда,  дар жанри мусоҳиба таҳия мешавад. Барнома бо иштироки баранда ва хурдсолон  сурат мегирад. Сӯҳбат оид ба мавзӯъҳои гуногун доир гашта, дар ҳар як шумораи барнома тамошобинонро бо ҳунару маҳорат ва истеъдоди фавқулоддаи як хурдсол  ошно мегардонад. Таҳиягарони барнома мекӯшанд ҳар намоишро ҷолибу рангин омода намуда, пешкаши бинандагон гардонанд. Мақсад аз баргузории силсилабарномаи «Ангубин» такмил ва таблиғи истеъдоди кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ мебошад.


    Намоиши «Беҳтар аз дӯст» барномаи маърифатӣ буда, дар он таҳлили асарҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ва ҷаҳон таҳлилу баррасӣ мешаванд. Дар намоиш хонандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд ширкат варзанд ва андешаи худро доир ба ин ё он асар баён намоянд. Дар барномаи «Беҳтар аз дӯст» то ин дам асарҳои нависандагони ватанӣ ва хориҷӣ ба монанди  «Ёддоштҳо»-и  Садриддин Айнӣ,  «Саргузашти Сорбон»-и Сотим Улуғзода, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Тори тортанак»-и Рюноске Акутагава, «Матонати зан»-и Ҷек Лондон, «Дурӯғ»-и Азизи Азиз, «Алвидоъ, гулсарӣ»-и Чингиз Айтматов, «Саргузашти барон Мюнҳаузен»-и Распе, «Офтобо, ба ғуруб марав!» -и  Сипеҳри  Ҳасанзод, «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр,  «Баҳориёт»-и Сайидо ва эҷодиёти Бозор Собир матраҳ шуданд.


    Барномаи варзишии  «Матин».  Мақсади асосии барнома ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарзи ҳаёти солим  мебошад. Барнома    дар толору майдончаҳои варзишии кишварамон омода гардида, дар он кӯдакону наврасоне, ки ба варзиш шавқу рағбати зиёд доранд иштирок менамоянд.